БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

3-юми июли соли ҷорӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз рафти баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздид намуд.

Қабл аз баргузории имтиҳонҳои дохилшавӣ вазири маориф ва илм бо довталабон ва волидону дигар кормандони соҳаи маориф суҳбат намуда, иброз дошт, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф сол то сол меафзояд. Махсусан, шароити хуби таҳсили донишҷӯён ва ба талаботу стандартҳои ҷаҳони муосир мутобиқ намудани муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, таҳсили донишҷуён тибқи квотаи Президентӣ, ташкилу баргузории озмунҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ ва ҳавасмандсозии донишҷуёни фаъол бо идрорпулиҳо дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамзамон, вазири маориф ва илм қайд намуд, ки тағйиру иловаҳои санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии танзимкунанда дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла, ҳатмӣ намудани зинаи сеюми таҳсилот, гузариш ба низоми баҳогузории даҳхола, мустаҳкам намудани равобити мактабу оила дар таълиму тарбияи кӯдак, ба бар намудани либоси миллӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чанде дигар барои боз ҳам вусъат бахшидани маорифи миллӣ саҳми сазовор мегузорад.

Дар охир вазири маориф ва илм ба довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар, таҳсили арзандаву ояндаи дурахшон ва пайдо намудани мақому ҷойгоҳ дар касби интихобкардаашон муваффақият таманно намуд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *