БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШУРО “ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ДАР ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024”

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71-и ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи Шуро “Доир ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур дар шашмоҳаи соли 2024” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи Шуро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур – Мусоҷонзода Ҷамила Мансур ва роҳбарону директорони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.

Нахуст, дар кори ҷаласа мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур – Мусоҷонзода Ҷамила Мансур оид ба дастовардҳо ва муваффақиятҳои соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур дар фаъолияти шашмоҳи соли 2024 ҳисобот пешниҳод намуд.

Баъдан, дар рафти ҷаласа сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – Исмоилзода Баҳром Мансур вобаста ба масъалаҳои қабули хонандагони синфи якум дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур, вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар муассисаҳои таълимӣ, зери назорати қатъӣ гирифтани фарогирии хонандагон дар “Марказҳои инкишофи кӯдак”, таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ, татбиқи фаъолонаи барномаи электронии eDonish ва ислоҳи камбудиҳои омӯзгорон дар барнома, иштироки хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” ва “Илм фурӯғи маърифат”, ичунин дигар озмуну олимпиадаҳо ва омодагии пурраи муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур барои соли нави таҳсили 2024-2025 суханронӣ намуд.

Дар кори ҷаласа, аз рӯйи масъалаҳои барассишаванда роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар фароварди ҷаласаи Шуро “Доир ба фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур дар шашмоҳаи соли 2024” ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани кабудиҳои ҷойдошта, супоришҳои мушаххас дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *