ГУЗАРИШ БА ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ

31 июли соли равон дар толори компютерии Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” семинари омӯзишӣ оид ба қабули хонандагон ба синфи 1 тавассути барномаи электронии “eDonish” идома кард, ки дар он директори МД “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Зафар Муродзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Беҳрӯз Амируллозода, намояндагони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва маъмурони барномаи электронии “eDonish”-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои пойтахт иштирок карданд.

Чорабиниро Зафар Муродзода директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуда, аҳамияти гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути барномаи электронии “eDonish”-ро баён сохт.

Дар идома Беҳрӯз Амируллозода шуъбаи маорифи ноҳияи Сино суханронӣ намуда, оид ба аҳамияти семинари мазкур ва нақши барномаи электронии “eDonish” дар гузариш ба таҳсилоти рақамӣ андешаҳои худро изҳор дошт.

Сипас, аз ҷониби намояндаи ҶДММ “eDonish” Бобоҷон Тураев масъалаи қабули хонандагон ба синфи як тавассути барномаи электронии “eDonish” муфассал шарҳ дода шуд. Номбурда тарзи кор бо бахши бақайдгирии синфҳои якро қадам ба қадам шарҳ дода, тарзи дуруст ворид намудани маълумотро баён сохт.

Ёдовар мешавем, ки бо роҳнамоӣ ва дастури бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон бақайдгирии хонандагони синфҳои 1 ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт тавассути барномаи электронии “eDonish” амалӣ карда мешавад.

МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *