Аз 29 июл то 21 август дар се марҳила 1206 нафар омӯзгорони шаҳри Душанбе аз даври омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA мегузаранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Омӯзишҳо бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби тренерони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешаванд.
Марҳилаи якуми ҳамкорӣ муваффақона ба анҷом расид ва имрӯз фаъолияти якуми марҳилаи дуюми ҳамкорӣ оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон беандоза буда, ба ин бахши таҳсил ва нақши он дар беҳтар намудани сифати таҳсил эътибори хос зоҳир мегардад.
Таъкид шуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсил дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, механизмҳои институтсионалии арзёбӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мешаванд, хубу натиҷаовар аст.
Иштирокдорон Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагонро баҳри рушди минбаъдаи соҳаи маориф баён намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки омӯзгорон дар омӯзиш фаъол бошанд ва аз ҳузури ҳамтоёни қазоқашон истифода намуда, барои омӯзиши усулҳои нав саъю талош намоянд.
Вобаста ба таъмин намудани иштироки омӯзгорон дар даврҳои омӯзишӣ масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.