ҶАЛАСАИ СИТОД ОИД БА РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲО ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2024

6-уми августи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи ситод оид ба рафти иҷрои стратегияҳо ва барномаҳо дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.

Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маориф ва илм ёдовар шуд.

Сипас, ҳисоботҳои сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода, оид ба рафти иҷрои «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2021-2023 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2021, №165)» ва рафти иҷрои «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019 №438)» шунида шуд.

Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои мазкур қайд намуд, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар шароити замони муосир дар баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик ва ба донишҳои нави иомиву техникӣ даст ёфтани хонандагону донишҷуёни тоҷик шароити мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар идома, ҳисоботи сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ оид ба рафти иҷрои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024 (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №187)» шунида шуд.

Дар ҷаласа ҳамзамон масъалаҳои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳи бештар додан ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ ва англисӣ, боло бурдани неруи зеҳнии хонандагон, фаҳмондадиҳии омӯзгорону хонандагон барои пешгириии хурофоту бегонапарастӣ аз ҷониби аҳолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин аз ҷониби муовини якуми вазири маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *