ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Имрӯз, 5 августи соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибони даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Вазорати маориф ва илм бо ифтихорнома ва ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Зимни қадрдонии ғолибони озмун вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода таъкид дошт, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар соли шашум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Ба ҳамин тартиб, дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомзода Муҳибулло, сармутахассиси раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм аз номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи 1-ум, Ғуломова Фатона, корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи 1-ум, Мусоева Салима, муҳаррири нашрияи рӯзномаи “Омӯзгор” аз номинатсияи эҷоди наср сазовори ҷойи 1-ум, Раҷабов Шамсиддин, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи 2-юм, Холназаров Эмомназар, омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аз номинатсияи эҷоди наср сазовори ҷойи 2-юм ва Сафарзода Беҳрӯз, мутахассиси пешбари шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати маориф ва илм аз номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Ғолибон барои ҷойи якум 7000 сомонӣ, ҷойи дуюм 5000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 4000 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

Дар охир вазири маориф ва илм бори дигар ғолибонро ҷиҳати ғолибияташон дар озмун муборакбод намуда, барои иштирок дар даврҳои оянда ва сазовори ҷойҳои намунавӣ гардиданашон муваффақият таманно намуд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *