«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун оғоз гардид

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» даври сеюми Озмуни  ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.

Қабл аз оғози озмун 14 август бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба баргузории озмун доир шуд.

Дар ҷаласа аз аъзои ҳакамон дархост  шуд, ки зимни озмун шаффофиятро таъмин намуда, ба иштирокчиён аз рӯйи принсипи ягона баҳо гузошта, нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.

Инчунин таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Ёдовар мешавем, соли шашум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2024 баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *