ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ АВГУСТ БАРГУЗОР ГАРДИД

21-уми августи соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар кормандони соҳаи маориф тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, иброз дошт, ки татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳо ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани соҳаи маорифи кишвар замина мегузорад.

Аз рӯйи масъалаи якум ҳисоботи сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат М. Мусофириён доир ба “Барномаи давлатӣ ва фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ дар соли таҳсили 2024-2024” шунида шуд. Гуфта шуд, ки дар баробари дастоварду пешравиҳои соҳа дар шаҳри Ваҳдат бартараф намудани мушкилотҳо барои боз ҳам беҳтар гаштани сифати таълиму тарбия заминаи мусоид фароҳам меорад.

Зимни баррасии масъалаи мазкур раиси ҷаласа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои омодагии ҳамаҷониба барои соли нави хониш, бартараф намудани эҳтиёҷоти кадрӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ равона намуд.

Сипас, ҳисоботҳои сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат Ш. Саъдуллозода оид ба “Натиҷаи тақсими хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2024” ва раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон З. Нозакзода оид ба “Вазъи пардохти рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшавандаи кормандони соҳаи маориф” шунида шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, омодагӣ ба соли нави хониш, тайёрӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2024-2025, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, ‌ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот (синфҳои 10-11), таъмини муассисаҳои таълимӣ бо хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ (буҷавӣ) ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Дар охир, раиси ҷаласа, ҳозиринро бо фарорасии соли нави хониш таҳният гуфта, ба масъулин ва кормандони соҳаи маориф барои хизмати софдилона ва иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо баҳри рушду тавсеаи маорифи миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *