БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ – ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪЛИМИ БОСИФАТ ВА РУШДИ ТАҲСИЛОТ”

22 августи соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини директори Агентии давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, муовини раисони ноҳияҳои пойтахт, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, собиқадорони соҳаи маориф, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони “Рақамикунонии соҳаи маориф – омили асосии таълими босифат ва рушди таҳсилот” бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи Конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа — Одилзода Дилбар Раҳим баромад намуда, зикр намуданд, ки соҳаи маориф яке аз соҳаи афзалиятнок ва калидии ҷомеъа буда, масъалаҳои ба он вобаста, ба хусус арзёбии фаъолият ва вазифагузорӣ дар назди сохторҳои он, ба хусус ташкилу баргузории машваратҳои кормандони соҳа дар арафаи соли нави таҳсил дар маркази таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, дар назар аст паёмадҳои ин чорабинӣ ба рушди кори таълиму тарбия дар давраи пешомад, мусоидат хоҳанд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар санаи 30-уми майи соли 2024 рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии онро бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон ҳисобида, илму маорифро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва аҳли маорифу илмро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таъкид намуда, тазаккур доданд, ки истифода аз технологияҳои рақамӣ ва иттилоотиву иртиботӣ талаботи замони муосир мебошад.

Дар робита ба ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он барнома ва иқдомҳои ҷадидро роҳандозӣ намуда, дар самти муосиркунонӣ ва рақамигардонии низоми таҳсилот дар шаҳри Душанбе ба дастовардҳои бесобиқа заминагузорӣ намуданд, ки дар миқёси ҷумҳур назир надошта, ба таҳаввулот дар ин самт мусоидат намудааст.

Роҳнамоӣ намудани татбиқи устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи пойтахт, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба ворид намудан ва истифодаи технологияҳои рақамӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати табодули таҷриба бо ҳамкасбони хориҷӣ дар ин самт, ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣдар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе,тақвияти равобити муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф тавассути “Барномаи электронии “eDonish”, ғанӣ гардонидан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯгардонидани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони болаёқат, баланд бардоштани мақоми аҳли маориф – мураббӣ, омӯзгор аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳриДушанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ татбиқи босамари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ гашта, ба рушди соҳаи маориф, илм, технология ва фановарӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат намудааст.

Дар идома Исмоилзода Баҳром Мансур баромад намуда зикр доштанд, ки баҳри баланд бардоштани мақоми устодону омӯзгорон, мураббиён ва арҷгузорӣ ба хизмати онҳо ҳамасола Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомҳои зиёдеро пиёдамесозад.

Аз ҷумла бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ танҳо соли 2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 85 омӯзгори шаҳри Душанбе барои такмили ихтисос ба хориҷи кишвар сафарбар гардиданд.

Дар арафаи таҷлили “Рӯзи омӯзгор”, ки ҳамасола бо ибтикороти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо шукӯҳ ва шаҳомати махсус таҷлил мегардад, ба 124 омӯзгору мураббӣ 3 000 сомонӣ туҳфа гардида, гирандагони Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе ба 13 нафар расонида шуд.

Ғолибони даври шаҳрии озмунҳои касбии “Омӯзгори сол”, “Мураббии сол” ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюм (шаҳрӣ)-и озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣкитоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат””, озмунҳои шаҳрии “Точи сари чумла хунархост илм”, “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд, дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ҳамасола қадрдонӣ карда мешаванд, ки ин шумора дар соли таҳсили сипаришуда ба 185 нафар расонида шуда, маблағи ҳавасмандгардонии пулии омӯзгорон ба 2 222 000 сомониро ташкил дод.

Ҳадафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе таҳти сарварии парвардаи Абармарди дунёи сиёсат,мактаби беназири тарбияи Пешвои муаззами миллат — Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии аҳли маориф ин пеш ҳама тақвияти неруи инсонӣ ҳамчун арзиши муҳимтарини ҷомеа ва таҳкурсии мустаҳкам гузоштан ба рушди илмҳои бунёдӣ ва бо ин васила расидан ба ҳадафҳои Роҳбарияти олии кишвар маърифатнокии сар то сарӣ ва таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як сокини пойтахт аст.

Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва дастгириву ҳавасандгардонии онҳо дар заминаи филиали Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф» дар шаҳри Душанбе “Мактаби маҳорати педагогӣ” таъсис дода шуда, низоме, ки дар бахши “Устод – омӯзгори ҷавон”-и “Мактаби маҳорати педагогӣ” амал мекунад, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар санаи 30 — уми майи соли 2024 дар самти роҳнамоии мутахассисони ҷавон ва тарбияи шогирди сазовор, идома додани мактаби устоду шогирд, ки онро ҳар як омӯзгори собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд, заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Муассисаҳои таълимӣ дар умум бо 2176 адад кабинетҳои фаннӣ таъмин буда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани корҳои амалӣлабараторияҳои муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон реактивҳо, зарфҳо ва асбобҳои химиявию асбобҳои физикӣтаъмин карда шудааст. Бояд қайд кард, ки танҳо дар аввали соли 2024 12 адад озмоишгоҳи фаннӣ – химия, физика ва биология, инчунин 10 ададӣкабинетҳои физика, химия ва биология, 23 адади кабинетҳои география, математика ва технологияи иттилоотӣ харидорӣгардида, айни замон ҷиҳати насбӣ онҳо дар муассисаҳои таълимӣ корбарӣ идома дорад. Таи 4 сол аст, ки рақамикунонии соҳаи маорифи пойтахт бо маром идома дошта, ин падидаи нек бо ташаббуси бевоситаи Раиси бунёдкору навовари пойтахти азизамон шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгириҳои бевоситаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро амалӣ гашта, шаҳри Душанбе дар ин ҷода яке аз пешгомон ба шумор меравад.

Пояҳои таҳсилоти рақамӣ дар шаҳри Душанбе аз моҳи августи соли 2020 бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бунёдгузорӣ гардида, барои ҷорӣ намудани барномаҳои технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Ин падидаи нек дар мисоли системаи итилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish” дурустии худро исбот намуда, механизми пайвастани маориф бо технологияҳои муосири рақамӣ дар муҳити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе фазои рақамиро ба вуҷуд овард.

Ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар 150 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути “Барномаи электронии “eDonish” ба тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи замони муосир роҳандозии низоми муосири иттилоотӣ заминагузорӣ намуда, самараи таваҷҷўҳи хосаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи маориф мебошад.

Сифати таҳсилот нишондиҳандаест, ки метавонад дар бораи ҷанбаҳои гуногуни раванди таълим, аз ҷумла самаранокии он иттилои муҳим пешниҳод намояд.

Таҳлилҳо баёнгари он аст, ки муассисаҳои таълимие, ки дар марҳилаи аввал ба Барномаи электронии “eDonish” пайваст шудаанд, дар баланд гаштани сифати таҳсилот пешсаф мебошанд.

Инчунин дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барномаи тахтаи интерактивии «eTalim» мавриди амал қарор дода шуд, ки ҳадафи асосии он аз пайвастани соҳаи маориф бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи замон мувофиқ намудани равандҳои таҳсилот арзёбӣ мегардад.

Интерфейси барнома содаву фаҳмо буда, корбарии он аз ҷониби ҳамаи омӯзгорон дар назар гирифта шуда, бо тахтаи интерактивӣ корҳои амаливу лабораторӣ низ гузарондан мумкин аст.

Таъсиси нахустин Почтаи миллии электронӣ бошад, суръати мубодилаи иттилоот ва мубодилотро дар соҳаи маорифи пойтахт тақвият бахшида, ҷиҳати бо забони тоҷикӣ осон, бехатар ва дастрас таҳия ва интиқоли ҳуҷҷатҳои расмӣ ва табодули шаклҳои гуногуни иттилоот бо истифода аз системаи почтаи электронӣ мусоидат намуд.

Бояд қайд кард, ки таҳияи системаи миллии почтаи электронӣ қадами устувор дар самти ташаккули ҳукумати электронӣ буда, барои рушди рақамикунонии низоми табодули иттилоот қадами муҳим мебошад.

Соли равон Китобхонаи электронӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт сохта ба истифода дода шуда, фарогири беш аз 5000 номгӯи адабиёти таълимиву методӣ, илмиву оммавӣ, бадеиву маърифатӣ ва санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, интерфейси он дар тарҳи муосир таҳия шуда, мураттабии мантиқии бахшҳои он таъмин гаштааст.

Яке аз падидаи навини замони муосир низом ё таҷҳизоти компютериест, ки онро зеҳни сунъӣ меноманд, ки дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастурҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самт ва ҷиҳати баланд бардоштани тафаккур ва малакаву истеъдоди хонандагону омӯзгорон бори нахуст дар шаҳри Душанбе конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои ҷорӣ намудани он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” бо ҷалби олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва коршиносону мутахассисони Маркази зеҳни сунъии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли маорифи пойтахт баргузор намуд.

Ҳамзамон лозим ба ёдоварист, ки дар баробари дар сатҳи арзанда баргузории даври сеюми озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ бори нахуст дар шаҳри Душанбе дар шакли муосир озмунҳои шаҳрии “Илм ва амал”, “Омӯзгори муосир”, Мусобиқаи роботҳо, дарси маҳорат, IT – гап баргузор гардид, ки омили муҳим ҷиҳати бедор намудани ангезаи шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, такмили раванди таҳсилот, дарёфти омӯзгорони навовару эҷодкори технологияи иттилоотӣ ва рушди касбияту малакаи онҳо арзёбӣ намудан мумкин аст.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки шуруъ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе баргузор намудани озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ахтаракони ҳисобдон” ва “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ такони ҷиддие ба илмомӯзиву забономӯзӣ бахшида, ихлосмандии зиёди кӯдакону синни томактабиро ба донишандӯзиву забондонӣ бедор намудааст.

Имрӯз, гузариш ба имкониятҳои рақамӣ бештар гашта, бо амалӣгаштани тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, барои таъмини шафофият ва коҳиши хароҷоти иловагӣ замина гузошт. Ин падидаи нек дар соҳаи маориф низ ҷорӣ гашта истодааст, ки мисоли боризи он пардохти ғайринақдии пули иҷора ва хариди китобҳои дарсӣ, пардохти ғайринақдии маблағ барои нигоҳубинӣ кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Ин иқдоми нек сарбории омӯзгорон, мураббиён ва масъулинро коҳиш мебахшад ва шафофияти ҷамъоварии маблағҳоро таъмин мекунад.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки бо дастур ва роҳнамоии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон бори нахуст қабули хонандагони синфи якуми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути низоми электронӣ ба роҳ монда шуд.

Ҷорӣ намудани механизми рақамӣ дар қабул ба муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт низ ба мақсад мувофиқ буда, барои муассисаи томактабӣ, масъулин ва падару модарон сабукӣ ба миён меорад.

Механизми қабули электронӣ дар мисоли маркази миллии тестӣ ва барномаи электронии “eDonish” дурустии худро аллакай исбот кардааст.

Барои амалӣ сохтани чунин мақсад, платформаи нав аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” зери унвони “kudak.tj” таҳия шуда истодааст, ки шуруъ аз соли таҳсили 2024-2025 амалӣ карда мешавад, ки ин платформа қадами муҳим дар самти рақамикунонии таҳсилоти томактабӣ хоҳад буд.

Масъалаҳое, ки имрӯзҳо бо роҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби соҳаи маориф мавриди пайгирӣ қарор дорад, қадами устоворе дар ҷорӣ намудани низоми муосир дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мегардад ва дар заминаи платформаҳое, ки айни замон амал мекунанд, аҳли маорифи шаҳри Душанбе дар оянда низ дар таҳияи плафторма ва лоиҳаҳои рақамӣ муваффақ гашта, самаранокии кори таълиму тарбияи насли ояндасози миллатро таъмин менамоянд.

Баҳри расидан ба ҳадафҳои созандаву муосир аҳли маорифи пойтахт бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи шаҳрдорӣ, бо дастгирии бевоситаи Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоту шароити пойтахти кишвар самаранок истифода намуда, рисолати касбиву инсонии худро дар назди ватан, ҷомеа, наслҳои имрӯзу фардо содиқона иҷро менамояд.

Зеро аҳли маориф ҳамовоз ва руҳбаланд аз иқдомҳои наҷибу созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, ғамхориҳои рузафзуни шаҳрдорӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бори дигар вазифадор менамояд, ки фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро дар суханронияшон зикр намуданд, ки воқеан такя кардан ба нерӯҳои зеҳнӣ, рушди тафаккури техникии аҳолӣ, фазои мусоид фароҳам овардан баҳри пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ ифодаи бебаҳси эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллатамон мебошад. Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор дода, дар ҳама мулоқоту суҳбатҳо бо намояндагони аҳли маорифу зиё, олимону ихтироъкорон ва дар маҷмӯъ бо тамоми шаҳрвандон масъалаи мактабсозиву мактабдорӣ, китобхонию илмомӯзӣ ва ихтирои технологияи навинро пайваста талқин намуда, ба аҳли маориф роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии муҳассилин, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан, назорати доимии азхудкунии донишҳои замонавӣ, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ менамоянд.

Дар идома, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда баромад намуданд.

Дар анҷом ҷиҳати рӯҳбаланд намудан соҳибкорону собиқадорон ва омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 2 нафар соҳибкор, ки барои бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ саҳмгузоранд бо нишони “Аълочии ифтихории маориф ва илми Тоҷикистон”, 15 нафар омӯзгор бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 13 нафар омӯзгорон бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар омӯзгор бо Ифтихорномаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва 21 нафар собиқадори соҳаи маориф бо туҳфаҳои хотиравӣ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар идомаи Конференсия барномаи бошукӯҳи фарҳангии омоданамудаи ансамбли “Шукуфаҳои пойтахт”- и Муассисаи давлатии “Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” пешниҳод карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *