Имрӯз, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раиси комиссияи даври шаҳрии Озмун Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ва дигар намонядагон бо мақсади шиносоӣ ва назорат аз раванди баргузории даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷараён мегирад, дидан намуданд.
Дар идома муовини Сарвазир ва меҳмонон аз ҷараёни баргузории озмунҳо бевосита дидан намуда, ба маҳорат ва тарзи баёни моҳияти масъала баҳои баланд доданд. Махсусан иштирокчиёни номинатсияи адабиёти ҷаҳонӣ ва адабиёти муосир бо азхудкунии теъдоди зиёди шеъру қасида, панду андарз, роману повестҳо хотири ҳайати ҳакамон ва дигар иштрокдоронро шод намуданд.
Дилрабо Мансурӣ зимни суҳбат бо иштирокчиёни озмун ва ҳайати ҳакамон аз ташаббусҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон доштани силсилаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, зикр дошт, ки ҳадаф аз баргузории озмунҳо баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат аст, ки минбаъд ба рушд ва шукуфоии меҳани азиз хизмат намоянд. Ба онҳо тавсия дода шуд, ки бо истифода аз фурсати муносиб бештару беҳтар хонанд, аз навигариҳои илмҳои муосир огаҳ бошанд ва барои забономӯзӣ кӯшиш варзанд. Аз ҳайати ҳакамон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни санҷиши дониш, маҳорат ва истеъдоди довталабон саросема нашаванд, муомилаи хуш, то ба охир шунидани мақсади иштирокчӣ дар кадом сатҳ омода будани онҳоро ошкор месозад. Таъмини шаффофият ва адолат бояд шеваи кори ҳайати ҳакамон бошад.
Дар идома Дилрабо Мансурӣ бо волидайни чанде аз иштирокдорони озмун суҳбат намуда, ба падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон изҳори сипос намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки минбаъд низ барои тарбияи дурусти фарзандон саъю талош варзанд.
Чанде аз волидон ба Роҳбари фарҳангпарвару маърифатдӯсти мамлакат изҳори сипос намуда, баён доштанд, ки фарзандонро чун пайрави асили Пешвои миллат тарбия мекунанд.
Ба масъулини баргузории чорабинӣ дастур дода шуд, ки ҳар як баромади иштирокчиён пурра ба навор гирифта шуда, ҳайати кории комиссияи аппелятсионӣ корашонро шаффоф ва боадолатона анҷом диҳанд. Дар озмун танҳо онҳое ғолиб оянд, ки воқеан ҳам дониши баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва бештар аз баҳри дурру гуҳари илми маонӣ бархӯрдор бошанд. Танҳо таъмини адолат метавонад барои сайқали маҳорат ва дониши довталабон заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ то санаи 25 август идома меёбад.