ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ сохта шудааст

Тавре қаблан иттилоъ додем, танҳо дар як рӯз -27 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, дар ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, дар ноҳияи Сино бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Муассисаи давлатии «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим»-ро мавриди истифода қарор доданд. Мояи хушҳолист, ки дар пойтахти мамлакат сол то сол теъдоди муассисаҳои таълимии муосир, ки ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, меафзояд. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар арафаи соли нави хониш ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Хотиррасон мешавем, ки 31 августи соли 2023 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои 4-ошёнаи Гимназияи хусусии «Саидумар»-ро барои 2700 хонанда ба истифода доданд. Таълимгоҳ аз 66 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла синфхонаҳои омӯзиши химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, озмоишгоҳҳо, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, сехи қаннодӣ, ҳуҷраи махсуси духтури дандон, равоншинос, логопед, китобхона бо толори хониш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Худи ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гимназияи хусусии «Қалам»-ро барои 650 хонанда ба истифода доданд. Гимназия аз 27 синфхона бо тахтаҳои электронӣ, 6 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, 2 синфхонаи компютерӣ ва синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон иборат буд.

Ҳамчунин 31 августи соли 2023 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро ифтитоҳ намуданд, ки дар он барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак шароиту имконияти мусоид мавҷуд аст. Таълим дар 11 гурӯҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

31 августи соли 2023 дар идомаи тадбирҳои маорифпарварона аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 барои 2400 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Мактаб аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна бо 50 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаи компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандони муассиса, равоншинос, нуқтаи тиббӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ҳамчунин соли 2023 дар арафаи Рӯзи дониш Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи «Марям Зиёева»-ро барои 340 хонанда ба истифода доданд. Дар идома муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи давлатии томактабии №15-ро ифтитоҳ намуданд. Муассисаи томактабӣ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ифтитоҳ шудани муассисаҳои нави таълимӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ҳамчунин соли 2022 низ сабт шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, 31 августи соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Хайём»-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи нави таълимӣ барои 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, аз 8 бинои 3 ва 4-ошёнаи ба ҳам пайваст иборат мебошад. Литсей дорои 70 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, бо ифтитоҳи он 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Ҳамчунин дар ҳамин рӯзи соли 2022 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди истифода қарор доданд. Иншооти тозабунёд барои 1280 хонанда дар ду баст дар чаҳорчӯби иқдоми бунёдкориву созандагии шаҳрдории пойтахти мамлакат сохта, ба истифода дода шуд. Мактаб дорои 31 синфхонаи кушоду муҷаҳҳаз мебошад.

Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави муассисаи таълимӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд гардида, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаб дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад. Дар ин боргоҳи илму маърифат 73 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 90 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудаанд, пурра назорат карда мешавад.

1 сентябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ»-ро ба истифода доданд. Муассисаи муосири таълимӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои 640 хонанда дар як баст бунёд ёфтааст. Омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил дар «Мактаби муосири байналмилалӣ» дар асоси озмун қабул мегарданд ва фаъолияти муассиса дар асоси барномаи таълимии «Кембриҷ»-и Британияи Кабир амалӣ карда мешавад. Дар мактаб барои таълиму тарбияи наврасон шароити заруриву мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда шуда, омӯзиш дар он бо забонҳои англисӣ ва русӣ мебошад.

1 сентябри соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Сино бинои муассисаи таълимии Гимназияи ба номи Абдураҳмони Ҷомиро мавриди истифода қарор доданд. Бинои таълимии гимназия барои 480 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва фаъолияти 48 нафар омӯзгорону кормандон пешбинӣ гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад.

31 августи соли 2022 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба оғози сохтмони бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе асос гузоштанд. Фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъалаҳои таъсиси филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе» ба роҳ монда мешавад. Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур соли 1956 таъсис ёфта, яке аз муассисаи ғайритиҷоратии таълимии пешсаф дониста мешавад.

1 сентябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода иштирок ва суханронӣ карданд. Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин (ба таври маҷозӣ) доир шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин дар вазъияти тантанавӣ барои буридани лентаи рамзӣ ва ба фаъолият оғоз кардани мактабҳои наву замонавии русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

Ҳамин тавр, танҳо давоми ду соли охир ва танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуданд.

Тавре ки АМИТ «Ховар» итилоъ медиҳад, танҳо дар соли хониши 2023-2024 дар ҳудуди мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда буд. Ин ҳама муассисаҳои таълимӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуданд.

Дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки дар 70 соли замони пеш аз истиқлол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Ин маълумот дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 дарҷ гардидааст.

Тавре дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 1, моддаи 1, сархати 3 омадаст: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».

Яке аз далелҳои иҷтимоӣ будани давлат ин аст, ки сиёсати роҳбарияти олии он ба фароҳам овардани шароит барои шаҳрвандон бобати гирифтани таълим ва тарбия равона мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори мамлакатҳое қарор дорад, ки гирифтани маълумоти пурраи миёна барои шаҳрвандони он ҳатмӣ мебошад. Зиёда аз ин, Ҳукумати мамлакат бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароиту имкониятро фароҳам овардааст, ки намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои ҷомеа дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба таври ройгон маълумоти миёнаи ҳатмӣ бигиранд.

Тибқи меъёрҳои умумибашарии қабулгардида, яке аз муҳимтарин бахши сиёсати иҷтимоии ҳукумат маориф ба шумор меравад. Хушбахтона, Ҳукумати мамлакат давоми даҳ соли охир барои рушди соҳаи маориф ва минбаъд рушди саросарии мамлакат дар самти саноат, иқтисод, истеҳсолот, технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳама тадбирҳои заруриро муваффақона амалӣ мекунад. Сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф барои давлату миллати тоҷик самараи нек ба бор меорад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *