1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили 2024-2025 иштирок намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншооти зебои замонавиро ифтитоҳ намуда, онро дар рӯзи оғози соли нави хониш туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли маориф ва насли хуштолеъи кишвар номиданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити таҳсил дар ин муассисаи нави таълимӣ зикр гардид, ки мактаб аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 3500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншоот бо дастгирӣ аз сиёсати ободкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил”, соҳибкори ватандӯст Маҳмуд Муродов дар зарфи як сол бунёд ёфтааст.
Мактаби нав аз 75 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар арафаи соли нави хониш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шаҳри Душанбе муассисаҳои нави таълимӣ бо шароити муосиру ҷавобгӯи талабот бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, то насли имрӯзу оянда соҳибилму донишманд гарданд ва барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.