Муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои босамар дар соҳаи маориф, нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, гузариш ба низоми даҳхолаи баҳогузорӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф 24 сентябр зимни баргузории ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа иштирокдорон доир ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мубодилаи афкор намуданд.
Ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) платформае аст, ки масъалаҳои соҳаи маорифро ҳамроҳ бо шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор медиҳад. То кунун дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз қабили фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳою озмоишгоҳҳои фаннӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои зиёд ба анҷом расидаанд.