ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛ-2024»

26-уми сентябри соли 2024 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2024» оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, кумитаи тадорукоти озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок намуданд.

Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар даври ниҳоии озмун 5 нафар аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ширкат варзида, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд.

Маркази матбуотиВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *