«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд

30 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон баргузор мешавад.

Баргузории ҳамасолаи озмун саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ бароварданд.

Озмун аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои президентӣ), байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Тибқи иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар даври ҷумҳуриявии озмун 570 нафар иштирок намуд, 132 нафар ғолиб дониста шуда, соҳиби ҷойҳои 1,2 ва 3-юм гардиданд.

Ба омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдон саҳм гузоштаанд, Ифтихоронома ва мукофотпулӣ супорида шуд. Инчунин волидайне, ки фарзандонашон дар озмун иштирок намуда, ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд, бо нишони «Маърифатпарвар» ва ифтихорномаҳо қадр гардиданд.

Дар чор соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли гузашта як нафар дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соҳиби Шоҳҷоиза шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба амалӣ гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) равона шуда, дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нави раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми хосса пайдо намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *