Дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод, барои сари вақт омода намудани муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ситоди назди Сарраёсати маориф таъсис дода шудааст.
«Нақшаи захираи ангишт ба ҳолати имрӯза бо назардошти бақия–1447,6 тонна, ҳезум бо назардошти бақия – 1085,06 метри мукааб (145 фоиз), сӯзишвории дизелӣ 8106 литр (166 фоиз) харидорӣ ва захира карда шудааст»,- афзуд сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
Дар тавозуни 51 муассисаи таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии пойтахт, новобаста аз шакли ҳуқуқию ташкилӣ 59 дегхона, ки 27 ададаш ангиштӣ ва 32 адади дигар барқӣ мебошанд, мавҷуд аст.
Вобаста ба фаъолияти онҳо, ҳамзамон барои аз таъмири ҷорӣ ва назорати техникӣ гузаронидани он ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тибқи талабот дастуру супоришҳо дода шудааст. Омодагӣ ва таъмири ҷории дегхонаҳо аз ҳисоби маблағҳои дар нақша пешбинишуда амалӣ гардонида мешаванд.
«Ҳолати корӣ ва техникии ин дегхонаҳо аз ҷониби Хадамоти назорати барқу энергетика ва «Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, барои омода буданаш иҷозатномаи махсус пешниҳод карда мешавад», -иттилоъ дод ӯ.
Дар доираи маблағҳои пешбинигардида муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактаб-интернатҳо ва Хонаи кӯдакон маҳсулоти озуқа харидорӣ намуда, тибқи талабот ҳар моҳ онро захира менамоянд. Иброз гардид, ки бо мақсади сарфаи энергияи барқ муассисаҳои таълимии пойтахт бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин буда, инчунин синфхона, роҳрав, гурӯҳҳо, утоқҳои корӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо лампаҳои каммасраф таъмин карда шудаанд. Масъалаи истифодаи мақсадноку самараноки неруи барқ таҳти назорати доимии мақомоти дахлдор, роҳбарону муассисаҳои таълимӣ ва ситод қарор дорад.
Вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар бинову иншооти соҳаи маориф иншоот бо системаи автоматикии аз сӯхтор воқифкунанда таъмин мебошанд. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»