Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён Posted on 08.11.2024Author admin 0 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.Бинои Муассисаи таълимии томактабӣ бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, аз 2 ошёна ва 8 ҳуҷраи таълимӣ барои кудакон иборат мебошад. Ҳамзамон дар бинои асосии Муассисаи томактабӣ ҳуҷраҳои фарҳангӣ, ҳамшираи тиббӣ, синфхонаи компютерӣ, ошхона ва дигар утоқҳои ёрирасон ҷойгир буда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст.Масоҳати умумии иншооти таълимӣ 4500 метри мураббаъ мебошад. Дар қисмати дигари муассиса майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва ҳавзи шиноварӣ сохта шудааст.Саҳни бинно пура сафолакпуш гардида, гирду атрофи он бо гулу дарахтони сояафкан оро ёфтааст.Иншооти соҳаи маориф бо маблағи зиёда 14 миллион сомонӣ бо сифати баланд сохта шудааст.Муассиса дорои нуқтаи гармидиҳӣ буда, дар фасли сармо биноро бо гарми таъмин менамояд.Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2022 оғоз гардида, бо сифати баланд ва бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ сохта шудааст.Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбият намудани насли ояндасози миллат ба омӯзгорон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.Бунёди бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Кӯшониён туҳфаи арзишманд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия номида шуд.