Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи Кӯшониён Posted on 08.11.2024Author admin 0 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-ро мавриди истифода қарор доданд. Мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати кишвар бо Бонки рушди исломӣ сохта шудааст.Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои хуштарҳу замонавии муассисаи таълимӣ дар масоҳати 60 садяк замин бунёд гардида, дорои 10 синфхонаи муҷаҳҳаз ва дигар шароиту имконоти таълимӣ мебошад.Ҳукумати кишвар ба сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо назардошти ин, мактаби мазкур дорои синфхонаҳо барои инкишофи кӯдак, фанҳои физика, забон ва адабиёти тоҷик, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, таърих, география ва забонҳои хориҷӣ мебошад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имкониятҳои муҳайёгардида баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.Барои дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳо, муассисаи таълимӣ бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.Ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шинонидани дарахтони ороишӣ ободу зебо гардидааст.Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар саҳни муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ бунёд шудааст, ки хонандагон дар ин ҷо ба машқу тамринҳо машғул мешаванд. Зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, ки муассисаи зебову муосири таълимӣ бо маблағи 6 миллиону 130 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон медиҳад, ки минбаъд наврасону ҷавонони деҳаи Механизатор дар шароити муосир бо таҳсил фаро гирифта шаванд. Иншооти соҳаи маориф бо назардошти зиёдшавии шумораи аҳолии деҳаи мазкур бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар доираи истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ барои хонандагону омӯзгорон туҳфаи арзишиманд мебошад.