о мақсади бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат фиристода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора 2512 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд, ки 629 нафари онҳо тибқи квота таҳсил намудаанд. Инчунин 656 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва хатмкунандагони курсҳои 4-5-и равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошанд.
Хатмкунандагони равияи омӯзгории ин муассисаҳо тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор фиристода шуданд.
Бояд таъкид намуд, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Дар робита ба ин масъала дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, ки «барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои дорои таҳсили олии касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат бояд пурра бартараф карда шавад».