БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ДОИР БА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЁЗДАҲ МОҲИ СОЛИ 2024

4 декабри соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саъдизода, сардорони раёсатҳои тандурустӣ Хушбахт Шарифзода, кор бо ҷавонон ваварзиш Бобохонзода Раҷабалӣ, кор бо занон ва оила Маҳмашарифзода Дилрабо, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, полковники милитсияи Сайдализода Файзалӣ Сайдалӣ, муовини якуми сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлатзода Азизулло, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сарпарастони соҳаи идеологӣ, кормандони КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият ҷаласа доир ба таҳлили фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳисоли 2024 баргузор гардид.

Нахуст, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвақт Шарифзода дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, нақши бахшу раёсатҳои дахлдори шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани иттилоотнокии қишрҳои гуногуни аҳолӣ вобаста ба тарзи ҳаёти солим, аз ташхиси тиббӣ гузаронидани хонандагону омӯзгорон, машғул шудан ба варзиш, истифодаи хӯроки солим, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ҳолатҳои санитарии ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, эмгузаронӣ ва ташкил кардани ҳамоҳангсозӣ ва робитаи байнисоҳавӣ оид ба тарғибу ташфиқи ташаккули тарзи ҳаёти солим баромад намуданд.

Дар идома, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, кабудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимиву тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар ёздаҳ моҳи соли 2024 баромад намуд.

Зикр гардид, ки шуруъ аз моҳи июли соли 2024 ба ҳаҷми 40 дарсад зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, инчунин, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва корбарии масъулон ҷиҳати таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» бешак далели таваҷҷуҳи бесобиқаву доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон, муњтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф ва фаъолияти омӯзгорӣ буда, суханронии Пешвои муаззами давлат ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи Дониш дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии №19-и шаҳри Душанбе бори дигар ҳар ки мо аҳли маорифро ҳушдор месозад, ки барои сидқан иҷрои рисолати муқаддаси тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсият, саводу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар вазифадор ҳастем.

Таҳсилоти томактабӣ зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Роҳбарияти олии кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хосатан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дошта, ҷиҳати рушди он ҳамасола тадбирҳои муассир андешида мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021 – 2025» то имрӯз 100 фоиз иҷро гашта, амалигардонии «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 — 2028» тибқи нақшаи идома дошта, ҷиҳати иҷрои «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» дар соҳаи маорифи пойтахт якчанд иқдомот амалӣ гаштааст.

Имрӯзҳо базаи моддӣ – техникии аксарияти муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ тавассути Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, таҷҳизотҳо ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешаванд.

Муваффақияти дигари соҳаи маорифи пойтахт ин пеш аз ҳама ҷорӣ гаштанинизоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон тавассути Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе мебошад.

Исмоилзода Баҳром вобаста ба баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати наврасону ҷавонон, бедор сохтани ҳисси ифтихори миллӣ дар ниҳоди онҳо ва дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ омўзонидани ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ рисолати ҳар як омўзгор, пешгирии ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, фарҳанги бегона, татбиқи Барномаи электронии “eDonish” ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистони солҳои 2024-2025 таъкид намуданд.

Дар идома Исмоилзода Баҳром қайд намуданд, ки аҳли маорифи пойтахт баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиќи амалии вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда, бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи шаҳрдорӣ аз тамоми имконоту шароити пойтахти кишвар самаранок истифода намуда, рисолати касбиву инсонии худро дар назди Ватан, ҷомеа, наслҳои имрӯзу фардо содиқона иҷро менамоянд.

Зеро аҳли маориф ҳамовоз ва руҳбаланд аз иқдомҳои наҷибу созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, ғамхориҳои рузафзуни шаҳрдорӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бори дигар вазифадор менамояд, ки фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.

Дар ҷамъбаст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур изҳори боварӣ намуданд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия, минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.

Дар охир, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ба музокира баромада, андешаҳои худро доир ба масъалаи баррасишаванда иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *