Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе» озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар қисмати оғози озмун сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, муовини директор оид ба илм, инноватсия ва корҳои методии Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” Беҳруз Исоев ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузор намудани озмуни мазкур бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Пешвои миллат ва дар ин замина омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳавасманд намудани онҳо ба омӯзиши фанҳои таълимӣ мебошад.
Озмуни «Пешвои ман-ифтихори ман» аз рӯйи се бахш дар се гурӯҳи синфҳо баргузор карда шуд.
— «Расми беҳтарин» дар мавзӯи «Истиқлолият аз нигоҳи ман» байни хонандагони синфҳои 1-4;
— «Риёзидони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 5-8;
— «Ҳуқуқдони беҳтарин» байни хонандагони синфҳои 9-11.
Тибқи тартиби муқарраргардида дар озмуни мазкур аз ҳар бахш ғолибон бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ каарда мешавад.