Дар шаҳри Душанбе маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ доир шуд


ДУШАНБЕ, 19.12.2024. /АМИТ «Ховар»/.
 Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ҳавасмандсозӣ ва ҷоизасупории даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 баргузор гардид. Зимни он барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳаракати олимпӣ 60 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 нафар бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ва 16 нафар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Сатҳи сифатан нави олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва дастовардҳои бесобиқаи хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сабаб гардид, ки соли 2024 дар таърихи соҳаи маориф ва илм ҳамчун «соли ҳаракати олимпӣ» сабт гардад.
Зимни ҳамоиш се нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ ва омӯзгорони онҳо бо мукофотпулӣ ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва волидайни онҳо бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамзамон ғолибон дар номинатсияҳои «Беҳтарин раёсатҳои маориф», «Панҷгонаи беҳтарин шуъбаҳои маориф», «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти умумии типи нав» ва «Панҷгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ шумораи бештари ҷойҳоро ба даст овардаанд, бо «Сипоснома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *