ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон чанд рӯз ба таътил мебароянд?

Имсол ба вақту соати таътил тағйирот ворид гардида, он 7 рӯз муқаррар гардид. Аз 1 то 7 январи соли 2025 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 31 декабр чоряки дуюм ҷамъбаст гардида, хонандагон ба таътили зимистона мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола таътили зимистонаи хонандагон дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 10 рӯз, яъне аз 1 то 10 январ идома мекард.

Давоми 7 рӯзи таътил хонандагон метавонанд аз рӯйхати тавсиявии асарҳои бадеӣ, ки барои хониши беруназсинфии талабагон тартиб дода шудааст, истифода намоянд.

Давоми сол сатҳу сифати дониши хонандагон дар охири ҳар чоряк ҷамъбаст гардида, дар шуроҳои омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ барои хонандагон таътил чунин муқаррар мешавад:

таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 то 7 ноябр)

таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 то 7 январ)

таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)

таътили тобистона, ки пас аз анҷоми соли таҳсил ва ҷамъбасти аттестатсия то 31 август идома меёбад.

Машғулият барои хонандагони синфҳои 1 як ҳафта пеш аз анҷоми соли таҳсил ба охир мерасад. Дар мавридҳои зарурӣ тағйир додани вақту муҳлати таътил танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф доир мешавад.

Вазорат ҳама падару модаронро даъват менамояд, ки дар таътили зимистона назорати ҷиддӣ бурда, нагузоранд, ки фарзандонашон бештари вақти худро бо истифодаи телефони мобилӣ ва корҳои беҳуда гузаронанд. Ҳамчунин волидайн бояд монеи оворагардӣ ва сарфи беҳудаи вақти онҳо дар кӯчаю марказҳои интернетӣ шаванд.

Дар робита ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, бахусус духтарон ва соҳибкасб намудани онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «падару модар то нафаси охирин заҳмати фарзандашро мекашад, ба шавҳар дода, дар фикри фарзанди онҳо мешавад. Агар фарзанд таълиму тарбияи хуб гирифта бошад, пас саводу дониши баланд дорад, касбу ҳунар дорад ва ба падару модари худ нигаҳбон мешавад. Падару модарон набояд дар ҳаққи фарзандону наберагони худ зомин шаванд, пеши роҳи хондани онҳоро гиранд, балки бояд ояндаи онҳоро андеша намуда, барои таълими онҳо шароит муҳайё созанд».

Бояд гуфт, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазое аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд намудаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.

Аз ин хотир падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то фарзандон ба муқобили амалҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.

Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намуд, ки дар ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *