ИФТИХОР! ХОНАНДАИ ПОЙТАХТ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТИРПАРРОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Аз 2 то 9 марти соли 2025 дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон Мусобиқаи байналмилалии Грин-при «Алтын Мерген» оид ба тирпарронӣ бо иштироки зиёда аз 200 варзишгар аз 6 кишвар: Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Хонандаи синфи 9 «И»- МТМУ №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раҷабова Ширинбибӣ дар мусобиқаи мазкур фаъолона иштирок намуда, аз тирпарронӣ дар масофаи 10 метр ғолиб ва бо диплому медали тилло қадрдонӣ гардид.
Умедворем, ки Ширинбибӣ Раҷабова дар ҷодаи интихобнамудааш ба муваффақияту бурдбориҳои нав ба нав ноил гардида, боз ҳам парчами Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ баланд мебардорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *