
Дар чорабинии мазкур 40 дастаи бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони ВМКБ, вилоятҳо Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбасти чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳамадтолиб, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саъдизода Ҷаҳонгир, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ, директори муассисаи давлати “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе Аловудини Аваз ва роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар байни бонувони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои якум, дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷои дуюм, дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм ва дастаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон созовори ҷои чорум гардиданд.
Дар байни бонувони касбӣ дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷои якум, дастаи шаҳри Душанбе сазовори ҷои дуюм, дастаи вилояти Суғд сазовори ҷои сеюм ва дастаи вилояти Хатлон сазовори ҷои чорум гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа муҳтарам Одилзода Дилбар Раҳим ба ғолибон ва ҷоизадорон ҷойҳои якум медал, диплом, Ҷом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 18125 сомонӣ, ҷойҳои дуюм диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15575 сомонӣ, ҷойҳои сеюм диплом, медал ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10475 сомонӣ ва ҷойҳои чорум диплом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ тақдим карда шуд. Инчунин дастаҳое, ки дар мусобиқаи мазкур иштироки фаъолона намуданд аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо сипоснома қадрдонӣ гардидаанд.