Шоми 23 июни соли 2022 дар саҳни Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” маросими бошукӯҳи ифтитоҳи расмии Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди хориҷу дохили кишвар ширкат намуданд.Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода Мансур паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокчиёни Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” ироа намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки: “Фестивали байналмилалии “Шукуфаҳои пойтахт” ҳамоиши маърифативу фарҳангии кӯдакону наврасон буда, он дар доираи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022 тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2022, №288 “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” ташкил ва баргузор карда мешавад!Зимнан таъкид карда шуд, ки баргузории Фестивали мазкур, иқдоми фароҳамоварандаи шароити дӯстонаи эҷодӣ миёни насли наврас арзёбӣ гардида, он дар пайравӣ ба сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфта, таъмин намудани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар рушди эҷодиёти мусиќиву бадеии насли наврас ва муаррифӣ намудани Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имкониятҳои рушди кӯдакон арзёбӣ мегардад.Дар “Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия, Ташкент ва Нукуси Ҷумҳурии Узбекистон, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, вилоятҳои Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагона дар саҳнаҳои бузурги муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ ва навозандагӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии иштирокдорони Фестивал зиёда аз 300 нафарро ташкил дода, майдони он имкон медиҳад, ки насли наврас дар баробари пешниҳоди ҳунару истеъоди хеш, дар замиру ботини худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародариро афзун намоянд.Қайд гардид, ки тибқи барномаи Фестивал субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон аз рӯйи номинатсияҳои вокал, хореография ва навозандагӣ баргузор карда шуд, ки ба ҳунару истеъдоди наврасон аз рӯйи ин бахшҳо шахсиятҳои маъруфи соҳаҳои ҳунару адабиёт ва илми Тоҷикистон, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд баҳогузорӣ намуданд.Маврид ба ёдоварист, ки Фестивал, ки панҷ рӯз, яъне аз 22 то 26 июни соли ҷориро дар бар мегирад, иштирокдорони он дар баробари ширкат дар бахшҳои озмунии Фестивал, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт дидан менамоянд.Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, аз ҷониби таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, студия ва ансамблҳои бачагона ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе барномаи рангини консертӣ пешнҳод карда шуд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»