Имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” маросими ҷоизасупории ғолибони даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2022 ва супоридани Гувоҳномаи хатми курсҳои таҳсилоти иловагӣ ба хатмкунандагони Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар соли таҳсили 2021-2022 бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил ва баргузор гардид.Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон, барои ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани истиқлолияти комили давлат, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.Лозим ба қайд аст, ки дар соли таҳсили 2021-2022 муҳассилини Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар даври даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори 165 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ин нишондод, хонандагони Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 имсол 57 ҷойи ифтихорӣ зиёдтар ба даст оварданд.Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” ҳамчун муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар самти омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Супоридани Гувоҳномаи хатми курсҳои таҳсилоти иловагӣ ба хатмкунандагони Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шоҳмансур” дар соли таҳсили 2021-2022 аз таҳсили бомуваффақиятонаи хонандагон гувоҳӣ медиҳад. Чунин гувоҳнома ба хонандагоне дода мешавад, ки дар дар соли хониши 2021-2022 дар Муассиса дарсҳои иловагӣ гирифта, ба озмуну олимпиадаҳо омодагӣ диданд ва доираи таҳсили худро нисбатан васеъ намуданд.Қайд кардан ба маврид аст, ки ғолибони даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шоҳмансур дар давраи таътили тобистона пурра ба таълим фаро гирифта мешавад, то ки дар озмуни олипимадаҳои солҳои минбаъда натиҷаи назаррасро нишон диҳанд.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»