ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ ФУРӮҒӢ МАЪРИФАТ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Дар маросими ҷамъбасти даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» муовини Раиси шањри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳрӣ, ҳайати ҳакамон, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва иштирокдорони озмун ширкат варзиданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 2 январи соли 2025, таҳти рақами 710 эълон гардида, даври шаҳрии он дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 марти соли 2025, №170 , аз санаи 15 сентябри соли 2025 то 18 сентябри соли 2025 дар Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Мавриди тазаккур аст, ки довталабони озмун аз рўйи 8 номинатсия дар гурӯҳҳои алоҳида аз фанҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва техникӣ, ихтироъкориву навоварӣ, барномасозиву зеҳни сунъӣ байни ҳам сабқат намуданд

Бояд тазаккур дод, ки дар шаҳри Душанбе баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифт» зери назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сурат гирифта, ба ғолибони он ҷоиза ва мукофотпулиҳо муқаррар гардидаанд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар асосии Низомномаи тасдиқгардидаи бо эҳсоси баланди худогоҳию худшиносии миллӣ бо як шукӯҳ ва шаҳомати махсус баргузор гашта, ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт нақши созгор гузошта истодааст.

Ногуфта намонад, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 марти соли 2025, № 171 “Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар шаҳри Душанбе” дар соли 2025 чор миллиону ҳафтсаду ҳаждаҳ ҳазору дусад сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Зеро дар шароити имрӯза илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу донишу маърифат, самаранок истифода намудан аз имконот ва шароити мавҷуда, омӯзиши ҳамаи фанҳо, аз ҷумла рӯ овардан ба илмҳои бунёдӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, тавсеа ҳаматарафи мафкура, роҳандозии ҷустуҷӯву таҳқиқоти нав дар байни ҳамаи қишраҳои ҷомеа мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» як ангезаеро ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии аҳолии кишвар аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун афрохта, ихлосмандони зиёде пайдо намудааст.

Боиси хушнудист, ки бо эълон гаштани озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар ҳама табақаҳои ҷомеа шумораи илмдӯустонро зиёд, теъдоди иштирокчиён афзун ва сатҳи донишу малака ва истеъдоду маҳорати довталабони озмун тибқи гузоришҳои ҳакамон рушдёфта ва комилтар гашта истодааст.

Мавриди зикр аст, ки дар даври сеюми озмун дар шаҳри Душанбе 595 нафар довталаб сабқат намуда, аз рўи 8 номинатсия дар умум 159 нафар ғолибиятро ба даст оварданд, ки аз ин шумора 99 нафарро хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 48 нафарро донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ, 12 ходимони илмӣ, аспиранту докторантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорон муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *