АВВАЛИН СОХТИ АВИАМОДЕЛ ДАР МАҲФИЛИ «КОНСТРУКТОРОНИ НАВРАС»

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бори аввал хонандагони маҳфили «Конструкторони наврас» бо дастони худ авиамодели пилотажӣ сохтанд.

Модел бо троссҳои 20-метра идора гардида, тавонист то баландии 20 метр парвоз намояд. Барои сохтани он аъзои маҳфил се моҳ заҳмат кашида, марҳила ба марҳила ҷузъиёти онро омода карданд.

Ин дастоварди муҳим на танҳо натиҷаи меҳнату эҷодкорӣ, балки нишони рушди истеъдодҳои наврасон дар самти илм ва техника мебошад. Таъкид гардид, ки ин нахустин қадам дар соҳаи авиамоделсозӣ дар маҳфил буда, дар оянда сохт ва такмили дигар намудҳои авиамоделҳо низ дар назар аст.

Марказ бо роҳандозии чунин маҳфилҳо имконият фароҳам меорад, то кӯдакон ва наврасон донишҳои назариявию амалӣ дар соҳаи техникаву муҳандисиро дар амал татбиқ намуда, дар оянда ба ихтироъкорону муҳандисони соҳибистеъдод табдил ёбанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *