
Имрӯз, 23 сентябри соли 2025 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2025» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини вазир, кумитаи тадорукоти озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи озмун вазири маориф ва илм қайд намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчи бештар ҷалб намудани омӯзгорон ба корҳои эҷодкорӣ, навоварӣ, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидааст. Вобаста ба иҷрои Фармони мазкур Вазорати маориф ва илм нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст, ки дар баробари тадбирҳои муҳимми соҳавӣ баргузор намудани озмунҳои гуногун тарҳрезӣ гардида, дар онҳо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок менамоянд. Бо ибтикори Президенти маҳбуби кишвар ҳоло озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуда истодаанд. Дар баробари озмунҳои мазкур тибқи дастури Пешвои муаззами миллат соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ташкил када мешавад. Бо ин мақсад дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонавода 2 ҷилдӣ “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдасӣ тақдим шуда истодааст.
Гуфта шуд, ки ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфт ва ҷамъбати таҷрибаи пешқадам, ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯиву эҷодкорӣ озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон, такмил додани раванди таҳсилот, дарёфт ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор, рушди касбии омӯзгорон, дастгирӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар раванди омӯзиш, муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳсилот дар соҳа, инчунин дарёфти кадрҳои боистеъдод ва ба вуҷуд овардани махзани кадрӣ гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бояд гуфт, дар даври ниҳоии озмуни мазкур ғолибони даври шаҳрию вилоятӣ иштирок намуда, маҳорати худро санҷида, ҳамзамон бо ҳамкасбони худ табодули таҷриба менамоянд. Дар даври ниҳоӣ 5 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз рӯйи ҳафт шарт ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон