
Бо мақсади мукаммалтар намудани барномаи электронии “eDonish” 25 нафар мутахассисони соҳаи маориф ҷиҳати омӯзиши низоми маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафарбар гардиданд. Дар рӯзи аввали сафари корӣ — 19 сентябр, кормандон бо бинои IT Park-и шаҳри Тошканд шинос шуданд.
Дар идомаи сафар мутахассисон бо муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ шинос хоҳанд гардид, шиносоӣ аз рафти татбиқи рӯзнома ва журнали синфии электронӣ дар доираи барномаи «еМаktab» пешбинӣ гардидааст.












