
Дар ташаккули маънавӣ ва зеҳнии инсон чун шахсияти калидӣ эътироф шудани омӯзгор табиист, зеро ӯ ба шогирдон танҳо дониш намедиҳад, балки онҳоро барои зиндагӣ тайёр мекунад, чӣ гуна ахлоқ доштан ва худшинос буданро меомӯзонад. Маҳз ба ин хотир нақши омӯзгор дар ҷомеа бузург гуфта мешавад. Хусусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва асри технология мавқеи омӯзгор дар тарбияи насли наврас бештар гаштааст.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти кишвар барои омода намудани мутахассисони хуби соҳаи омӯзгорӣ чораҳои гуногун меандешад. Тайёр кардани омӯзгорони ихтисосманд ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз чунин тадбирҳост. Хушбахтона, дар масъалаи ҷалби омӯзгорони ихтисосманд ба муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Душанбе чандон мушкили зиёд ҷой надорад. Мавҷудияти донишгоҳҳо ва шароити хуби таълим дар пойтахт ҳавасмандии мутахассисони ҷавонро торафт меафзояд.
Шаҳри Душанбе, ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ ба шумор меравад. Дар даҳсолаҳои охир маорифи шаҳр ба як марҳалаи сифатан нав ворид шудааст. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва ҷалби хонандагон ба таҳсил, истифода аз технологияи имрӯза, иштирок дар дилхоҳ курсу семинару конфронс, дастрас намудани дастурҳои методӣ, суҳбат бо муаллифони китобҳои дарсӣ ва мутахассисони соҳа омилҳоеанд, ки аз бартарияти соҳаи маорифи пойтахт дарак медиҳанд.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони касбӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад. Айни ҳол дар пойтахт 208 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, новобаста аз шакли моликият (135 адад муассисаҳои буҷетии ноҳиявӣ, 13 адад муассисаи буҷетии мақоми шаҳрӣ, 10 адад мақоми ҷумҳуриявӣ, 13 тобеи ташкилоту корхона ва 37 адад хусусӣ) бо фарогирии 320 724 нафар хонанда фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои зикргардида 12 838 нафар омӯзгор, аз ин 10 201 нафар занони соҳибмаълумоту соҳибкасб фаъолият мекунад.
Бояд гуфт, ки бегумон, бартарӣ дар фаъолияти омӯзгорони пойтахт бештар аст. Чунки дар ин ҷо омӯзгорон дар биноҳои муҷаҳҳаз бо васоити зарурии таълим ва технологияи мувофиқ бо шогирдон фаъолият мекунанд ва онҳоро бо роҳҳои гуногуну шавқовар ба таҳсил ҷалб менамоянд. Дигар ин ки барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаштан ва иштирок дар семинару машғулиятҳои гуногуни омӯзишӣ онҳо мушкилоти роҳ ва иқтисодӣ надоранд. Сеюм, дар пойтахт дастрасӣ ба тамоми адабиёти таълимӣ ва ҳатто вохӯрдан бо муаллифони китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ осон аст. Ин ҳама омӯзгорони пойтахтро водор мекунад, ки ҳар чи хубтар аз иҷрои рисолати худ дар омӯзгорӣ бароянд. Роҳбарияти маорифи шаҳр барои беҳтар шудани сифати кори омӯзгорон тавассути ташкили курсу семинарҳо, адабиёти таълимӣ-методӣ ва шароити созгори фаъолият пайваста таъсир мерасонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахусус Раиси шаҳр, ки аз пайравони асили Пешвои миллатанд, барои рушду равнақ бахшидан ба кори маориф Барномаи давлатии рушди маориф, даҳҳо фармону қарори дигарро дар робита ба пешрафти паҳлуҳои гуногуни соҳа ба тасвиб расонданд. Аз ҷумла, дар асоси барномаи давлатӣ ва бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, зиёд намудани ҷойҳои нишаст, таъмини шарикии давлат бо бахши хусусӣ тибқи “Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” қабул гардид. Дар масъалаи таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ ва тавсеа бахшидани истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” қабул гардид, ки он ба тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат карда тавонист. Айни замон муассисаҳои таълимии пойтахт дорои 2436 адад кабинети фаннӣ мебошанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 83 адад зиёд мебошад. Имрӯзҳо заминаҳои моддӣ – техникии аксари муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” тибқи нақша барзиёд иҷро шуда истодааст. Фаъолият дар ин самт моро ёдрас мекунад, ки истифодаи босамари технологияҳои рақамиро дар шароити рушди бомароми технологияи рақамиву зеҳни сунъӣ талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва амри воқеӣ дониста бошем ва аз он канораҷӯйӣ накунем.
Дар самти рақамикунонӣ Сарраёсати маорифи шаҳр татбиқи “Барномаи электронии “е DONISH”, инчунин, мавриди амал қарор додани “Барномаи тахтаи интерактивии «е TALIM»-ро, ки ҳадафи асосии он аз пайвастани соҳаи маориф бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва назорати раванди таълим ва ба талаботи замон мувофиқ намудани равандҳои таҳсилот арзёбӣ мегардад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр муҳим донист. Айни ҳол “Роҳнамои истифодаи тахтаи интерактивӣ” таҳия ва пешниҳоди омӯзгорон ҳам гаштааст, то ин ки монеаҳои мавҷударо дар ин самт ба осонӣ бартараф карда тавонем. Як самти муҳимми дигар, ки ҳамеша таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба он эҳсос мешавад, ҷалби хонандагон ва умуман, насли ҷавон ба забономӯзист. Дар самти омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз имкониятҳои муосир замимаи мобилии “Забономӯз” сохта ба истифода дода шуд, ки он дорои интерфейси тоҷикӣ буда, ба истифодабарандагони тоҷик имконият медиҳад, ки тавассути дастгоҳҳои мобилии худ забони англисиро омӯзанд. Платформаи рақамии “dastovard.tj” бошад, дастовардҳои наврасону ҷавонони шаҳрро дар миқёси шаҳр, ҷумҳурӣ ва ҷаҳон муаррифӣ ва тарғиб гарданд. Як дастоварди дигари мо дар ин росто татбиқи лоиҳаи платформаи рақамии Kudak.tj аз соли 2025 дар доираи ташаббусҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф мебошад. Бо мақсади таъмини истифодаи дуруст ва самараноки шабакаи ҷаҳонии Интернет, дастурамали тавсиявӣ оид ба “Интернети бехатар” низ таҳия шудааст. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки айни замон ҷиҳати таҳияи озмоишгоҳи виртуалӣ оид ба фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ корбарӣ идома дошта, озмоишгоҳҳои виртуалӣ бо барномаи таълимӣ мутобиқ гардонда шуда, бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва барои истифода ба омӯзгорон пешниҳод мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки бори нахуст дар шаҳри Душанбе дар шакли муосир Мусобиқаи роботҳо, Дарси маҳорат — аз рӯи бахшҳои “Барномасозӣ”, “Дизайни графикӣ” ва “Зеҳни сунъӣ”, IT – гап дар мавзуъҳои “Имкониятҳои соҳаи барномасозӣ барои наврасон ва ҷавонон”, омӯзиши HTML ва CSS, чораҳои амниятӣ ҳангоми истифодаи интернет, усулҳои навини ҷомеаи муосир ва таъсири инноватсия дар рушди соҳаҳои мухталиф, саводи рақамӣ, саводнокии мукотиба, сохтани муҳтавои рақамӣ, бехатарии рақамӣ, конференсияи илмӣ — амалӣ дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои ҷорӣ намудани он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” бо ҷалби олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва коршиносону мутахассисони Маркази зеҳни сунъии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли маорифи пойтахт баргузор гардид, ки мақсади он баланд бардоштани тафаккур ва малакаву истеъдоди хонандагону омӯзгорон дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин, дарёфти чеҳраҳои нави боистеъдод дар ин самт мебошад.
Ҳамасола, ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат”, озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин, нахустозмунҳои шаҳрӣ дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ – “Ахтаракони ҳисобдон”, дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Илм ва амал”, дар байни омӯзгорон зери унвони “Омӯзгори муосир” тадбирҳое мебошанд, ки ҷиҳати татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” андешида шудаанд.
Сарраёсати маорифи шаҳр дар асоси Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, иҷрои “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиии барои солҳои 2021-2025”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040, “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” низ корҳои назаррасро ба анҷом расондааст.
Аҳли маориф пешбаранда ва татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва сиёсати идеологӣ мебошанд. Тарбияи инсон ва ташаккулдиҳии шахсият ва таблиғи либоси милливу фарҳанги миллӣ дар баробари таълими илм, ба дӯши аҳли маориф буда, дар ин самт низ корҳои зиёде амалӣ гаштаанд. Тасмими дигари аҳли маориф дар ин самт ин ташкили Гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи насли ояндасози миллат дар руҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад.
Тавре ишора кардем, имкониятҳои омӯзгорони пойтахт дар муқоиса ба дигар шаҳру навоҳӣ бамаротиб хубтаранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба ин масъала на дар ҳама ҷо баҳои якхела дода мешавад. Дар ҳар шаҳру ноҳия вобаста ба имконоти молиявӣ кормандони соҳаи маорифро дастгирӣ мекунанд. Дар баъзе ноҳияҳо пардохти музди меҳнати омӯзгорон мушкил дорад, ки ин маънӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар вақт дида мешавад. Хушбахтона, дар шаҳри Душанбе пардохти саривақтии музди меҳнати омӯзгорон, дастрас гардондани роҳхат ба осоишгоҳҳо хубтар ба назар мерасад, ки ин масъала аз кордониву нақшабандии дурусти кумитаи иттифоқи касаба ҳам вобастагии зиёд дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ кумитаҳои падару модарон фаъолият мекунанд, ки робитаи мактаб ва ҷомеаро ба танзим мебарорад. Имрӯз, ки мактабу кӯдакистонҳои мо ба низоми маблағгузории сарикасӣ гузаштаву суратҳисоби худро ҳам доранд, воситаҳои ҳавасмандагрдонии кормандон ҳам мушкили зиёд надорад. Аз беҳтарин воситаҳои ҳавасмандагардонӣ қадршиносии меҳнати омӯзгорони собиқадор, навовар, эҷодкор ва соҳибтаҷриба маҳсуб меёбад. Ин масъала ҳамеша дар мадди назари ҳукумати шаҳр ва Сарраёсати маорифи он қарор дорад. Омӯзгорон ва собиқадорон пайваста дар арафаи идҳо қадрдонӣ мегарданд.
Пӯшида нест, ки омӯзгорон дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ низ нақши муҳиме бозида, сутуни асосии ҳар ҷомеаи мутамаддин, тарбиятгари инсон ва неруи пешбарандаи фикрҳои созанда дар ҷомеа мебошанд.
Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ ва илмии кишвар дорои шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Солҳои охир тавассути дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ, шароити мактабу маорифи шаҳр ба таври назаррас беҳтар шудааст. Бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо технологияи замонавӣ, татбиқи барномаҳои рушди соҳа, беҳтар гардондани шароити омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ бо истифодаи усулҳои интерактивӣ, рақамисозии раванди таълим ва истифодаи тахтаҳои электронӣ, лабораторияҳои муосир ва китобхонаҳои рақамӣ боис шудаанд, ки сатҳи сифати таҳсилот дар мактабҳои шаҳри Душанбе тадриҷан боло равад.
Баҳром ИСМОИЛЗОДА,
сардори Сарраёсати маорифи
шаҳри Душанбе