БАР ЗИДДИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБИ КОРРУПСИОНӢ ЯКҶОЯ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ

Бо ҳамин мақсад 15 октябри соли 2025 дар МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» дар ҷаласаи назоратии назди сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе подполковники адлия Раҳимзода Шералӣ Амирхон ва нозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе капитани адлия Рафизода Рӯзиҷон Вафо, ки дар он кормандони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳузур доштанд вохӯрии вобаста ба нуқтаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ подполковники адлия Раҳимзода Шералӣ Амирхон қайд намуд, ки коррупсия яке аз мушкилотҳои вазнини замони муосир ба ҳисоб меравад. Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

Коррупсия — яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб ёфта, боварии шаҳрвандонро ба давлат, ояндаи нек коста сохта, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.

Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти давлатиро барои ошкор, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароити ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, мубориза бо ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар дар бар мегирад.

Пешгирии коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ мебошад, ки дар доираи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабиниҳои амалисозии он пеш бурда мешавад.

Сипас сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур таъкид намуданд, ки баҳри бартараф намудани бархӯрди манфиатҳо ва тақвият бахшидан ба раванди муқовимат ба коррупсия, пешгирии ҳолатҳои хароҷоти ғайриқонунии маблағҳо ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди коррупсия ба вуҷуд овардани маданияти ҳуқуқии кормандони муассисаҳои таълимӣ ва наврасони шаҳри Душанбе ва пешгирии қонунвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз ҷониби кормандон, таъмин намудани шаффофияти фаъолияти муассисаҳо ва ба қонунгузории зиддикоррупсионӣ мувофиқ гардонидани ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқоту тарғибот бурда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *