
9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода 8 муассисаи наву замонавии соҳаи маориф, аз ҷумла Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83 дар деҳаи Роҳати деҳоти Турсун Туйчиев, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39 дар деҳаи Файзобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар деҳаи Шӯрхок, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 дар деҳаи Юлдош Ашуров, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №99 дар деҳаи Ҳуснобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №122 дар деҳаи Навобод, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108 дар деҳаи Шулум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар деҳоти 10-солагии Истиқлолиятро тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаҳои нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас бунёд гардидааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти наву замонавӣ дар умум 8000 хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 400 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.












