
14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025) баргузор гардид.
Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари осиёӣ иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд. Дар миёни чунин рақобати шадиди байналмилалӣ дастаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе бо натиҷаҳои назаррас баромад карда, обрӯйи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар умум 48 нафар иштирок намуда, сазовори 40 ҷой гардиданд, ки аз ин шумора 5 медали тилло, 11 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ мебошад. Инчунин, 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбати истеъдодҳои наврас ва татбиқи сиёсати давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф мебошад.
Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, иштирокдоронро роҳнамоӣ менамуданд.
Дастоварди навбатии дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони мо қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намуда, парчами илми тоҷикро бозҳам баланд бардоранд.
Ин натиҷа бозгӯи сатҳи баланди омодагии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ба рушди истеъдодҳои наврасон мебошад.












