БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРА “ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО ДАР СОЛИ 2026”

7 январи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Аъзам, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Самадзод Саъдӣ, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи шаҳри Душанбе, мушовири адлияи дараҷаи 2 Анварзода Фаррух, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Зафар Раҳимзода, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Тоҷинисо Маҳмадова, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати мушовара, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли моликият дар ҷаласаи мушовара ширкат доштанд.

Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи якум сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, камбудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимию тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар соли 2025 баромад намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии онро бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон, илму маорифро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва аҳли маорифу илмро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати аҳли маориф дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳамзамон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, баҳри рушди соҳа ва ҳамқадами замона гардонидани он барнома ва иқдомҳои ҷадидро роҳандозӣ намуда, дар ин самти муосиркунонии соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе ба дастовардҳои бесобиқа заминагузорӣ намуданд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ назир надорад.

Инчунин, маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳо дар соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагӣ Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда он сол ба сол зиёд шуда истодааст.

Шуруъ аз моҳи сентябр ба ҳаҷми 25 дарсад зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф, таъсиси унвон ва ҷоизаҳои гуногун барои мураббиёну омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар, қадрдонии заҳматҳои омӯзгорону мураббиён, ки шогирдонашон дар озмунҳои гуногун дастболо мегарданд, ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои касбӣ аз 3 то 13 ҳазор сомонӣ, сафарбар намудани кормандони соҳа ба таҷрибаандузӣ бозомӯзӣ ба хориҷи кишвар бешак далели таваҷҷуҳи бесобиқаву доимӣ нисбати соҳаи маориф ва фаъолияти омӯзгорӣ буда, дастгириву ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷӯҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва ташаббусу иқдомҳои маорифмеҳваронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ моро водор месозад, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо барои рушди соҳаи маорифи пойтахт, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо нияти нек ва азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои таъмини шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як сокини пойтахт, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳиссагузор бошем.

Роҷеъ ба дастовардҳои аҳли маорифи пойтахт дар чаласаи Шурои шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт доир ба фаъолият кориашон дар соли 2025 маълумоти муфассал манзур гашта буд,, ки барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳа ба ҳар як кормандони соҳаи маориф ки сидқан, бо дилу нияти нек, ба хотири ояндаи миллат заҳмат кашидаанд, изҳори сипос карда шуд.

Дар идома Исмоилзода Баҳром Мансур, қайд намуданд, ки аҳли маорифи пойтахт баҳри расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиқи амалии вазифаҳои дар назди соҳаи маориф гузошташуда, бо дастгирии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи шаҳрдорӣ аз тамоми имконоту шароити пойтахти кишвар самаранок истифода намуда, рисолати касбиву инсонии худро дар назди Ватан, ҷомеа, наслҳои имрӯзу фардо содиқона иҷро менамоянд.

Зеро аҳли маориф ҳамовоз ва руҳбаланд аз иқдомҳои наҷибу созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буда, ғамхориҳои рӯзафзуни шаҳрдорӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бори дигар вазифадор менамояд, ки фаъолиятамонро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро вобаста ба тарбияи насли наврас дар руҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба сомон расонем.

Дар ҷамъбаст, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур изҳори боварӣ намуданд, ки кормандони соҳаи маорифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баланд гардидани сифати таълиму тарбия, минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ фаъолият менамоянд.

Сипас муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки тамоми ҷамбаҳои Паёми Пешвои миллат дар фаъолияти корӣ истифода карда шуда, сармашқи кории ҳар яки мою шумо қарор дода шавад. Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ибрози андеша намуда, дастур дода шуд, ки тарғибу ташвиқи ин ду масъалаи муҳим ба таври ҷиддӣ дар муассисаҳо ба роҳ монда шуда, вобаста ба ин семинар машваратҳо, ҷаласаҳо ва конференсияҳо баргузор карда шавад.

Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Аъзам, фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуда, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия як қатор дастуру супоришҳо дода шуд.

Дар ҷаласа доир ба масъалаҳои баррасигашта бо инобати дастур ва пешниҳоде, ки зимни баромади муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Аъзам, иброз намуданд ва пешниҳодҳои аъзоёни мушовара, қарор қабул карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайвастаи соҳаи маориф ва муносибатҳои судманди байниидоравӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди низоми маорифи шаҳри Душанбе ва гузоштани саҳми арзанда дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бо сипосномаи Сарраёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *