Дар шаҳри Душанбе курси омӯзишии «Ҳафтаи зеҳни сунъӣ» барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ оғоз гардид

6 январи соли 2026 дар МД «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» курси омӯзишӣ таҳти унвони «Ҳафтаи зеҳни сунъӣ» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Аминҷонзода Парвина, директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Муродзода Зафар, намояндагони Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии пойтахт ва меҳмонон иштирок намуданд.

Чорабиниро директори Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Муродзода Зафар ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани донишҳои рақамии омӯзгорон ва малакаи истифодаи барномаҳои зеҳни сунъӣ дар ҷараёни таълим мебошад.

Курси мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ва бо дастгирии бевоситаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, махсус барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Дар кори курс ба омӯзгорон дар мавриди имкониятҳои татбиқи воситаҳои зеҳни сунъӣ дар таҳияи маводи таълимӣ ва таҳлили раванди таълим мубодилаи таҷриба сурат гирифт. Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокчиён папкаи омӯзишӣ, дафтарчаи фаҳмондадиҳанда оид ба зеҳни сунъӣ ва диски барномаҳои таълимии компютерӣ тақдим карда шуд, ки ҳамчун манбаи муфид барои истифодаи амалӣ дар муҳити таълимӣ хизмат мекунад.

Курс аз 6 то 7 январи соли 2026 баргузор гардида, омӯзгоронро бо мафҳумҳои асосии зеҳни сунъӣ, барномаҳои муосири он ва роҳҳои татбиқи онҳо дар муҳити таълимӣ шинос мекунад.

Бо мақсади таҳкими донишҳои андӯхта, дар давраи таътили зимистона дар базаи ҳар як муассисаи таълимӣ ташкили машғулиятҳои амалӣ бо иштироки омӯзгорони ҳамаи фанҳо пешбинӣ шудааст. Ин машғулиятҳо бояд барои татбиқи воситаҳои зеҳни сунъӣ хизмат кунанд ва заминаи мубодилаи таҷриба миёни омӯзгорон гарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз сентябри соли 2025 дар 60 адад муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе омӯзиши зеҳни сунъӣ дар шакли таълими иловагӣ ба роҳ монда шуда, имрӯзҳо он бо маром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *