БАЪДИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ НАМУДАНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ №87-И НОҲИЯИ СИНО

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иҷрои талаботи “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025” тавассути Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар бино ва ҳудуди муассисаи таҳсилоти томактабии №87-и ноҳияи Сино ба маблағи ба 1 миллиону 850 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ анҷом дода шуд.24 июни соли 2022 дар маросими ба истифода додани муассисаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.Муассиса аз 4 гурӯҳ, ҷойи бозӣ, ошхона, ҳуҷраи тиббӣ, толори мусиқӣ, анбори нигоҳдори маводи асосии ғизо иборат буда, бо тамоми таҷҳизот, мебелу ҷевон, рахти хоб, маводҳои мулоим, бозӣ, зарфҳои хўрокхӯрӣ, асбобҳои мусиқӣ ва ғайра таъмин мебошад.Боиси зикр аст, ки муассисаи таҳсилоти томактабии №87 дар асоси қарори Раиси ноҳияи Сино аз 10 декабри соли 2021, №226 дар заминаи собиқ муассисаи давлатии таълимии томактабии №68, воқеъ дар кўчаи Мир-1 барои 100 ҷой таъсис дода шуда, айни замон 74 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *