ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 январи соли 2025, №1 «Оид ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақшаи чорабиниҳои мулоқоту вохӯриҳо ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст.

Дар асоси нақшаи мазкур, шурӯъ аз 14 январи соли ҷорӣ, аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе миёни сокинон, фаъолони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун силсилаи вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор гардида истодаанд.

Тибқи қарори мазкур, имрӯз вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо масъулони соҳаи маорифи пойтахт баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, таваҷҷуҳу ғамхориҳои инсондӯстона ва падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бахусус дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, истироҳат барои насли наврасу ҷавон намунаи равшани боварӣ ба ояндасозони миллат арзёбӣ намуд.

Дар идома Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Нилуфар Муҳаммадюсуф, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи саломатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Каримзода Мунира Бобохон, сардори Саарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, сардори шуъбаи назорати давлатии Раёсати мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадзода Олим, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саъдизода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абубакри Аҳмад, Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Шарифзода Лашкар дар доираи нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои дастгирии давлатии илму маориф, иқтисоду фарҳанг, арзишҳои таърихӣ, тандурустӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим баромад намуданд.

Инчунин, баромадкунандагон вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандӣ, ворид шудани хонандагон ба “интернет-кафеҳо”, маблағғундории ғайриқонунӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон ва ташаккули идеологияи солим миёни кормандони соҳаи маорифи пойтахт суханронӣ намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *