ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ХОНАНДАИ СОЛ –2025″

ХОНАНДАИ СИНФИ 10-И МДТ “МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТӢ” РАҶАБЗОДА НУШОФАРИН – ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ “ХОНАНДАИ СОЛ – 2025” ГАРДИД.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020, №265 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе” 6 – 7 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Озмуни шаҳрии “Хонандаи сол – 2025” баргузор гардид.

Дар Озмуни шаҳрии «Хонандаи сол – 2025» ғолибони даври ноҳиявӣ: Шерова Гурдофарид -хонандаи синфи 9-и МТМУ №21 аз ноҳияи Шоҳмансур, Давлатёров Юсуф – хонандаи синфи 11-и МТМУ №17-и ноҳияи Фирдавсӣ, Шомадзода Озода – хонандаи синфи 10-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раҷабзода Нушофарин – хонандаи синфи 10-и МДТ «Мактаби байналмилалии Президентӣ» аз ноҳияи Сино иштирок намуданд.

Тибқи тартиб, Озмуни шаҳрии “Хонандаи сол – 2025” рӯзҳои 6-7 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Шартҳои озмун дар қисмати аввали рӯзи 6 апрел корҳои тестӣ ва қисмати дуюми рӯз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида шуда, дар рӯзи дуюми озмун, яъне 7 апрел баҳогузорӣ ба намоиши дастовардҳо, маҳорати суханварӣ ва донишҳои назариявӣ гузаронида шуд.

Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони Озмуни шаҳрии “Хонандаи сол – 2025” ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон Раҷабзода Нушофарин – хонандаи синфи 10-и МДТ «Мактаби байналмилалии Президентӣ» аз ноҳияи Сино ғолиби озмуни “Хонандаи сол – 2025” гардид.

Боиси зикр аст, ки ғолиби Озмуни шаҳрии “Хонандаи сол – 2025” дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *