ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ «ДИНАМО»-И «МАРКАЗИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» — ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «AFL KIDS» ДАР ТОШКЕНТ

Аз 21 то 28 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасон таҳти унвони «AFL Kids» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии варзишии сатҳи баланд дастаи «Динамо»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» иштирок намуда, бо ҳунару маҳорати баланд сазовори ҷойи якум гардид.

Дар мусобиқа 8 даста аз кишварҳои гуногун ширкат варзида, дастаи «Динамо» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои зерин рақобат намуд:

• «Локомотив» (Ӯзбекистон)

• «Eagle Team» (Қазоқистон)

• «Алтын Тач» (Туркманистон)

Натиҷаҳои бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ чунин буданд:

• «Динамо» – «Локомотив» 2:0

• «Eagle Team» – «Динамо» 1:4

• «Динамо» – «Алтын Тач» 2:1

Бо нишон додани бозии пурмазмун ва бартарии комил, даста ба марҳилаи плей-офф (Golden bracket) роҳ ёфта, дар идомаи мусобиқа низ пирӯзиҳои пайдарпай ба даст овард.

Дар натиҷа, ҷойҳои ифтихорӣ чунин тақсим шуданд:

🥇 Ҷойи 1 — «Динамо» (Тоҷикистон)

🥈 Ҷойи 2 — «Footlab» (Қазоқистон)

🥉 Ҷойи 3 — «Ювентус» (Тоҷикистон)

Ин дастоварди назаррас гувоҳи омодагии ҷиддӣ, заҳмати мураббиён ва истеъдоди баланди наврасони тоҷик буда, боз як қадами устувор дар роҳи рушди футболи кӯдакону наврасон дар пойтахт ба шумор меравад.

Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дастаи ғолибро бо ин пирӯзии арзанда табрик намуда, барояшон дар мусобиқаҳои минбаъда комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *