
Имрӯз, 9 апрели соли 2026 дар Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи олимпиада муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Н. Ғафуриён, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шодиниё, инчунин намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр намуд, ки олимпиадаҳои фаннӣ ҳамчун бахши муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба рушди зеҳнӣ, таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон мусоидат менамоянд. Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, тақвияти шавқу рағбат ба омӯзиши фанҳо ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф имкон фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати дониш ва рақобати солим миёни хонандагон сол аз сол беҳтар гардад.
Сипас, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иштирокдоронро бо шартҳо ва тартиби баргузории олимпиада шинос кард.
Баъди анҷоми маросими ифтитоҳӣ хонандагон вобаста ба фанҳо ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, ба иҷрои супоришҳои олимпиада оғоз намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиадаҳои мазкур дар маҷмуъ 1343 нафар хонанда иштирок доранд. Аз ҷумла, рӯзи 9 апрел аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 694 нафар ва рӯзи 10 апрел аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 649 нафар хонанда донишу маҳорати худро месанҷанд.












