
Нимаи дуюми рӯзи 15 июни соли 2026 дар Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Зимчуруд»-и назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи басти якуми мавсими истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансур Саидмуминзода Аббос, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Сатторзода Дилшод, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Бобозода Асомиддин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ иброз гардид, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон тадбирҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Қайд гардид, ки ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия ва рушди маънавии насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Дар соли ҷорӣ фаъолияти истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар 4 баст ташкил карда шуда, дар ҳар баст 250 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, дар мавсими тобистонаи соли 2026 1000 нафар кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таълимии ноҳия дар истироҳатгоҳ ва дар 9 майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ба истироҳат ва солимгардонӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи хонандагон пешкаши ҳозирин гардида, сурудҳои ватандӯстона ва рақсу таронаҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои истироҳат, солимгардонӣ, машғулиятҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва рушди қобилиятҳои эҷодии кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад.












