
Имрӯз аз саҳни бинои Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдакон ва наврасон ба басти якуми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» сафарбар гардиданд.
Зимни гусели кӯдакон ва наврасон ба истироҳатгоҳ таъкид гардид, ки иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия намудани кӯдакон равона гардидааст.
Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти кӯдакони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар гардида, ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати кўдакон ва наврасон қарори дахлдор ба тавсиб мерасад.
Зикр гардид, ки истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар минтақаи сайёҳии Варзоб дар муҳити табиии сабзу хуррам ҷойгир шуд, на танҳо фазои орому осуда барои истироҳат, балки шароити мусоид барои машғулиятҳои фароғатию варзишӣ низ фароҳам гардидааст. Кӯдакон ва наврасон дар ин ҷо метавонанд ба бозиҳои варзишӣ машғул шаванд, дар маҳфилҳои эҷодӣ иштирок кунанд ва саёҳатҳои омӯзиширо дар мавсими истироҳати тобистона таҷриба намоянд.












