НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

Ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки он пойдевори асосии ҳаёти осоишта ва рушди тамоми соҳаҳо, махсусан илму маориф ба шумор меравад. Паёми асосии ваҳдат ин аст, ки бе суботу оромӣ ҳеҷ гуна пешрафт ва созандагӣ имконпазир нест.

Ваҳдати миллӣ маънои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, дӯстӣ ва ҳамкории ҳамаи шаҳрвандон, бошандагон, сокинонро ифода мекунад. Он ҳамчун манфиатҳои умумимиллӣ аз манфиатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ болотар гузошта шуда, мардум барои ҳифзи сулҳ, субот ва пешрафти давлат саъйю кӯшиши муштарак менамоянд.

Ваҳдати миллӣ, ки маҳз ба шарофати талошҳои қаҳрамононаи фарзанди баруманди миллати тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ба мардуми тоҷик қуввае бахшид, барои таҳкими суботу оромӣ, ташаккули ғояҳои инсондӯстона ва фарҳанги сиёсию ҳуқуқӣ дар шароити ташаккули давлатдории навин замина гузошт ва барои рушди муназзами ҳамаи соҳаҳои ҳаётии мамлакат шароити заруриро фароҳам овард. Абармарди дунёи сиёсат бо такя ба ҳувият ва суннатҳои мардуми дорои хиради азалӣ, ваҳдат ва амну суботи миллиро дар сарзамини ниёгон пойдор гардонда, дар сиришти миллати фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик маъно ва асолати ватандӯстиро тарбия намуданд.

Ваҳдати миллӣ замина гузошт, ки давлат таваҷҷуҳи асосии худро ба рушди сармояи инсонӣ равона кунад. Маориф ва илм ҳамчун соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шуданд. Қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллии рушди маориф ва зиёд шудани будҷаи ин соҳа маҳз дар сояи истиқлолу ваҳдат амалӣ гаштанд.

Танҳо дар шароити сулҳу ваҳдат Тоҷикистон тавонист бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ (ба монанди ЮНЕСКО) ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ барпо кунад.

Маҳз тавассути таълиму тарбияи дуруст метавон Ваҳдати миллиро дар зеҳн ва амали ҷомеа пойдору ҷовидона гардонд. Ҳамчунин бо ташаббуси Роҳбари давлат дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» ба роҳ монда шудаанд, ки ба тафаккури техникӣ, такмили ҷаҳонбинӣ ва дарку маърифати наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд.

Яке аз омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ густариш ва бо руҳи замон мувофиқ кардани худшиносии миллӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мо ҷараёни босуръати густариши худшиносии миллӣ пас аз соҳибистиқлол шудани он бо номи шарофатманди абармарди ваҳдатофари тоҷик — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ҷудонопазир дорад.

Ваҳдати миллӣ ба мисли хоки ҳосилхезест, ки дарахти илму маориф дар он реша давонда, сербор мегардад. Бе маориф ва илми пешрафта ҳифзи ваҳдату истиқлол имконнопазир аст ва дар навбати худ, бе ваҳдату оромӣ рушди илму маориф тасаввурнашаванда аст. Ин ду мафҳум бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.

Садриддинов Садриддин Аслиддинович

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *