
21 сентябри соли 2026 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, иштирокчиёни озмун ва масъулони соҳаи маориф ҳузур доштанд.
Меҳмонон ва иштирокчиён сараввал аз дастовардҳои Марказ ва маҳфилҳои Марказ дидан намуда, сипас ба кори озмун оғоз бахшиданд.
Маросими ифтитоҳро Исмоилзода Баҳром Мансур — сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, муовини Раиси Комиссияи даври шаҳрии озмун, оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати оғози даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» хайрамақдам гуфт.
Дар идомаи маросим Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан — муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, ба аҳамияти омӯзиши мероси адабӣ ва фарҳангии миллӣ, бахусус «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавон таъкид намуд.
Ҳамчунин Саъдизода Ҷаҳонгир- сардори Раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе зимни суханронӣ иброз дошт, ки баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ» ба рушди маърифати ҷомеа, баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагону ҷавонон ба мутолиаи осори классикӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан насли наврасу ҷавон ба омӯзишу мутолиаи «Шоҳнома» ва арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллӣ мебошад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳри Душанбе дар даври якуми озмун 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи даври дуюм 155 нафар иштирокчӣ бо дарназардошти ҷойҳои ифтихорӣ ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.
Дар маросими ифтитоҳ ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун низ муаррифӣ гардид. Ба ҳайати ҳакамон шахсони дорои таҷрибаи касбӣ ва дониши амиқи адабиёт ва фарҳанг шомил мебошанд.
Пас аз маросими ифтитоҳ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» расман оғоз гардид. Иштирокчиён тибқи гурӯҳҳои муайяншуда ба ҷойҳои баргузории озмун роҳнамоӣ карда шуданд.
Даври сеюми озмун аз 21 то 29 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.
Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзҳои баргузории озмун чунин муайян шудаанд:
21–22 сентябр — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 1–4;
23–24 сентябр — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 5–8;
25–26 сентябр — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 9–11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, синфҳои 10–11;
26–27 сентябр — донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ — бакалавр ва магистр;
28 сентябр — омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантон, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун;
29 сентябр — фаъолияти Комиссияи апеллятсионӣ.
Ҷойи асосии баргузории озмун толори фарҳангии Марказ буда, толори китобхона барои фаъолияти Комиссияи апеллятсионӣ муайян гардидааст.
Ҷараёни озмун тавассути телевизиони «Душанбе» сабт ва инъикос карда мешавад.
«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун яке аз бузургтарин осори адабию фарҳангии миллати тоҷик дар худ арзишҳои баланди маънавӣ, андешаҳои хирадмандона, ғояҳои ватандӯстӣ, адолат, ҷасорат ва инсонгароиро таҷассум менамояд.
Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар заминаи омӯзиш ва арҷгузорӣ ба ин мероси безавол барои баланд бардоштани маърифати адабӣ ва фарҳангии ҷомеа, рушди завқи мутолиа ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Ба ҳамаи иштирокчиёни даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» барору муваффақият орзумандем!
Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»












