
21 сентябри соли 2026 дар Литсейи ба номи Умари Хайёми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Даври шаҳрии озмун аз 14 то 17 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология», «География», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» донишу малака ва қобилияти худро санҷиданд.
Дар маросими ҷамъбаст муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода, намояндагони сохторҳои соҳавӣ, аъзои ҳайати ҳакамон, омӯзгорон ва иштирокчиёни озмун иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд, дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти зеҳнии насли наврасу ҷавон нақши муҳим доранд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба рушди шавқу рағбати хонандагону донишҷӯён ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими тафаккури илмӣ равона гардидааст.
Дар маросими ҷамъбаст ҳамчунин таъкид шуд, ки дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод, фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои рушди истеъдод ва омода намудани кадрҳои ҷавони дорои донишу ҷаҳонбинии илмӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Тибқи натиҷаҳои даври шаҳрии озмун, 157 нафар иштирокчӣ барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва ҷоизадорони даври шаҳрии озмун бо Ҷом, диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.












