САЁҲАТ БА ҚАЛЪАИ ҲИСОР ВА «КОХИ НАВРӮЗ»

Тибқи нақшаи кори Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон “Шукуфаҳои пойтахт” иштирокчиёни Фестивал бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба шаҳри бостонии Ҳисори шодмон сафар намуданд. Дар рафти саёҳат меҳмонон ба яке аз маконҳои таърихии тоҷикон- Қалъаи Ҳисор ташриф оварда, доир ба таъриху фарҳанг ва маданияти шаҳрдории мардуми тоҷик шинос шуданд.Баъди тановули хӯроки нифирӯзӣ дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Ҳисор иштирокчиёни Фестивал ба пойтахт баргашта, ба саёҳати боғу гулгаштҳои Душанбешаҳри дилрабо баромаданд. Ҳамзамон меҳмонон аз Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз», ки яке аз маконҳои хеле зебо ва тамошобоби пойтахти азизамон аст, дидан намуда, бо тарҳи нотакрору соти он ва нақшу нигору кандакориҳои дар ин муассиса наққошишуда ошно гардиданд.Суратгузориш аз рафти боздиди иштирокчиёни Фестивал:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *