Шоми 25 июни соли 2022 дар Кохи Суруши пойтахт маросими бошукӯҳи пӯшидашавии Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сохторҳои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии дахлдор, ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалии эҷодиёти мусиқии кӯдакон ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди хориҷу дохили кишвар ва дигар меҳмонон ширкат намуданд.Дар оғоз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур баромад намуда, бори дигар меҳмонон — иштирокчиёни Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон “Шукуфаҳои пойтахт”-ро ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе хайрамақдам намуда, зикр намуданд, ки “Шукуфаҳои пойтахт” ҳамоиши маърифативу фарҳангии кӯдакону наврасон буда, он дар доираи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022 тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 9 июни соли 2022, №288 “Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” аз 22 то 26 июни соли 2022 ташкил ва баргузор карда шуд.Дар “Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон «Шукуфаҳои пойтахт» ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия, Ташкент ва Нукуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, кишвари Ҳиндустон, наврасони соҳибистеъдоди Афғонистон, вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагона иштирок ва ҳунарнамоӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки шумораи умумии иштирокдорони Фестивал зиёда аз 300 нафарро ташкил дода, ба насли наврас имкон фароҳам овард, ки дар баробари пешниҳоди ҳунару истеъоди хеш, дар замири худ хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла дӯстиву бародариро афзун намоянд.Маврид ба ёдоварист, ки иштирокчиёни Фестивал , ки панҷ рӯз идома ёфт, дар баробари ширкат дар бахшҳои озмунии Фестивал, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт ва шаҳри Ҳисор дидан намуданд.Сипас, бо иштироки ҳайати ҳакамони озмун – шахсиятҳои шинохта маълуму машҳури кишвар, арбобони санъати тоҷик ва ходимони илму адаб маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти Фестивал ба ғолибони бахшҳои озмуни мусиқии Фестивали II байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид. Ғолибон бо Диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ карда шуданд.Дар анҷом, аз ҷониби ғолибони озмун ва таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, студия ва ансамблҳои бачагона ва наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди шаҳри Душанбе барномаи рангини консертӣ пешкаши аҳли толор гардонида шуд.Суратгузориш аз рафти чорабинии мазкур:
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»