Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 июни соли 2022, №289 бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳшаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, рақобатпазир гардидани хонандагон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт аз санаи 1 то 7 июли соли 2022 Олимпиадаи байналмилалии “ISI junior” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар Олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022” 27 дастаҳои олимпии наврасон бо шумораи 158 нафар хонандагон ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белоруссия, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия иштирок менамоянд.Ҳамзамон хонандагон аз давлатҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-ланка, Хитой, Сурия ва Куба бо теъдоди 20 даста, ки шумораи онҳо 134 нафарро ташкил медиҳанд ба тариқи фосилавӣ дар олимпиадаи мазкур ширкат меварзанд.Дар доираи баргузори Олимпиада семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар мавзуҳои “Роҳҳои дарёфт ва омода намудани хонандагон ба олимпиадаи байналмилалии “ISI Junior-2022”, “Олипиадаи фаннӣ чун воситаи ташаккули заҳираҳои зеҳнии шахсият” ва “Ҳалли масъалаҳои ғайристандартӣ дар олимпиадаҳо аз фанҳои дақиқ ва фарқияти онҳо аз ҳалли масъалаҳои анъанавӣ” ба нақша гирифта шудааст.
ХАБАРҲО
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи бинои мактаби санъат дар ноҳияи Ҷалолиддини БалхӣИфтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №70 дар ноҳияи КӯшониёнИфтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи КӯшониёнҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»